Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварзони чинӣ дар Тоҷикистон "деҳқонӣ" мекунанд


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, садҳо гектар заминро барои кишту кор ба кишоварзони чинӣ иҷора медиҳад, то бо технологияҳои нав, тавлиди маҳсулоти кишоварзиро дар дохил афзоиш диҳанд. Ба гуфтаи мақомоти вазорат, қарор аст, сармоягузорони Чин аз ҷумла дар ноҳияҳои Румӣ ва Ёвон тақрибан 2 миллион доллар масраф кунанд. Нарзулло Додобоев, сухангӯи вазорат дар ин бора гуфт: «Пеш аз ҳама онҳо заминҳои партобро барои истифода ба ӯҳдаи худ хоҳанд гирифт. Аз ду то панҷ сол лозим аст, ки онҳо маблағҳои гузоштаи худро пас бигиранд. Бо як мақсад карда истодаанд, бо назардошти бозори дохилии Тоҷикистон. Яъне ин маҳсулот дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад.» Додани бахше аз хоки Тоҷикистон ба ихтиёри Чин боис шудааст, ки тоҷикон ба ҳар гуна муомила бо Чин ба назари шубҳа менигаранд.
XS
SM
MD
LG