Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши ошӯб дар маҳбаси Қирғизистон


Дар шӯриши маҳбусон дар боздоштгоҳи Бишкек як нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд.

Ин ҳодиса ба дунболи гуруснашинии чанде аз зиндониён сар зад, ки аз шароити бади маҳбас шикоят доштанд. Аммо дар баррасии сабабҳои ошӯб мақомоти Қирғизистон ақидаи ягона надоранд.

Полиси Қирғизистон тасдиқ кард, ки ҳангоми ишғоли маҳбас аз тарафи нерӯҳои интизомӣ як маҳбус ба ҳалокат расидааст. Нозирони маҳбас гуфтанд, Нурбек Олимбоеви 25-сола аз “передозировка” ё истеъмоли беш аз ҳадди маводи мухаддир фавтидааст. Табилдӣ Исоев, мушовири Хадамоти ислоҳии Қирғизистон мегӯяд, фурӯши маводи нашъаовар, корду ханҷар ва гардиши пул дар маҳбас фаровон будааст.

Аммо Омбудсмани Қирғизистон Турсунбек Охун гуфт, Олимбоев аз захмҳое фавтид, ки дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ ҳангоми ҳамлаи онҳо ба маҳбас бардоштааст. Гуфта мешавад, садои таркиш ва тирандозӣ дар маҳбас он гуна баланд буд, ки дар шаҳр шунида мешуд.

Моҳинур Ниёзова, хешованди яке аз маҳбусон мегӯяд, вай ва даҳҳо нафари дигар аз наздикони боздоштшудагон дар беруни маҳбас ба нишони ҳамраъйӣ бо зиндониёни эътирозкунанда ҷамъ омада буданд. “Наздик ба 50 нафар аз хешу табор он ҷо будем, полис талош мекард, моро пароканда кунад. Мо садои таркиш ва доду фиғонро мешунидем.”

Омбудсман ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон мегӯяд, зиёда аз 30 маҳбус бераҳмона латукӯб шудаанд, аз ҷумла ду нафаре, ки дар ҳоли вазнин қарор доштанд. Матбуоти Қирғизистон акси захмиёнеро нашр кард, ки ҷароҳатҳои амиқ доштанд. Бино бар ин аксҳо кату мизу курсии маҳбусон пурхун аст.

Пеш аз ин воқеа садҳо нафар дар маҳбасҳои гуногуни Қирғизистон гуруснашинии ҳамзамон ташкил карда, талаб доштанд, вазъ дар боздоштгоҳҳо беҳтар шавад. Гузоришгари махсуси Созмони Милал Хуан Мендез, ки моҳи декабр аз маҳбасҳои Қирғизистон дидан карда буд, гуфтааст, аз “камбудиҳои бузург”-и тафтишҳои ҷиноӣ, шикоятҳоио шиканҷа ва бадрафторӣ дар ин ҷо такон хӯрдааст.

Саркӯби ошӯб дар маҳбаси Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG