Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ширкати "Орима" озод шудааст


Маъруф Орифов, собиқ раиси силсилафурӯшгоҳҳои "Орима" замони баррасии парвандааш дар додгоҳ
Маъруф Орифов, собиқ раиси силсилафурӯшгоҳҳои "Орима" замони баррасии парвандааш дар додгоҳ

Муассиси нахустин супермаркетҳои "Орима" озод шуда, ҳоло барои табобат ба хориҷи кишвар рафтааст.

Баҳром Сафаров, намояндаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, Маъруф Орифов ду соли ахир дар маҳбаси сукунатӣ ё "колония поселение" ба сар мебурд ва тибқи Қонуни афв озод шудааст.

Ҷаноби Сафаров афзуд, "Маъруф Орифов дар "колония поселение" ба сар мебурд. Яъне, вай шартан дар озодӣ буд ва дар моҳ чор маротиба харҷи барқу оби маҳбасро мепардохту дигар дар озодӣ буд. Вақте Қонуни афв содир шуд, ҳамаи маҳбусоне, ки дар маҳбасҳои сукунатӣ буданд, озод шуданд. Аз ҷумла, Маъруф Орифов низ."

Маъруф Орифов моҳи апрели соли 2008 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои сарпечӣ дар пардохти андоз, мусоидат дар фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истифодаашон сипаришуда ва додани ришват ба маблағи 10 ҳазор доллар ба як масъули Кумитаи амният ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба қарори додгоҳ, амволи ӯ низ бар фоидаи давлат мусодира гардид.

Аммо бар пояи Қонуни афви соли 2009 сеяки мӯҳлати зиндони ӯ кам шуда, қарор шуд, ки 2 соли боқимондаро Орифов дар як урдугоҳи кори ҷисмонӣ паси сар кунад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим


Яке аз фурӯшгоҳҳои "Орима" дар маркази пойтахти Тоҷикистон. Моҳи апрели соли 2008
Яке аз фурӯшгоҳҳои "Орима" дар маркази пойтахти Тоҷикистон. Моҳи апрели соли 2008
Маъруф Орифов аз нахустин тоҷироне буд, ки фаъолияти силсилафурӯшгоҳҳои замонавӣ ё муосирро дар пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ кард. Ӯ барои равнақи кори худ бо бархе аз муассисаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо ҳамкорӣ карда, аз ин бонк ҳудуди 5 миллион доллар қарз гирифта буд.

Аммо бо боздошт ва ба додгоҳ кашида шудани Маъруф Орифов супермаркетҳои ӯ, ки таҳти унвони "Орима" маъруф буданд, аз байн нарафта, аксаран тағйири ном кардаанд. Масалан, дар маҳаллаи 82-юми пойтахт номи ин фурӯшгоҳ бо "Сифат" иваз карда шудааст.

Бар асоси рақамҳои телефоне, ки дар торнамои "Орима.Тиҷей" ҷой дода шудааст, мо бо яке аз супермаркетҳои пешини ин ширкат тамос гирифтем. Вале аз он тараф посух доданд, ки "ҳоло ин марказ ба ошхона табдил шуда, тайи чанд сол аст, ки ҳамчун ошхонаи "Express Chicken" фаъол аст."

Наздикони Маъруф Орифов, мудири силсилафурӯшгоҳҳои "Орима" ва ширкати муштараки "M&P", мегӯянд, ӯ пас аз раҳоӣ аз зиндон дар ҳеҷ куҷо кор намекунад ва барои табобат феълан дар хориҷи Тоҷикистон аст. Ӯ дастур додааст, ки бидуни иҷозаи шахсииаш ба хабарнигорон ва ба ҳеҷ нафаре дар бораи фаъолияти ширкат сӯҳбат накунанд.
XS
SM
MD
LG