Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши талафот дар садамаи Коста Конкордиа


Мақомоти расмии Итолиё мегӯяд, теъдоди афроди бенишоншуда дар садамаи киштии саёҳии "Коста Конкордиа" 29 нафар будааст ва чаҳор нафари онҳо маллоҳон ҳастанд. Пештар гуфта мешуд, ки дар ин фалокат 15 нафар нопадид шудаанд. Киштии саёҳии мазкур рӯзи ҷумъа бо 4500 мусофир дар наздики соҳили Итолиё ба гил нишаст ва сарнагун шуд. Бино ба гузоришҳо, 10 нафар аз нопадидшудагон шаҳрвандони Олмон ҳастанд. Бар асари ин садама то кунун 6 нафар аз чаҳор кишвар ҷон доданд ва ҷустӯҷуи афроди бенишоншуда идома дорад.
XS
SM
MD
LG