Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рутбаи Хазинаи Суботи Молии Аврупо поин бурда шуд


Standard and Poor муассисаи эътиборсанҷии иқтисодӣ, рутбаи эътибории Хазинаи суботи молии Иттиҳодияи Аврупоро як зина поён бурд. Сабаби ин амр қарори пешинаи Standard and Poor буд, ки рутбаи эътибории Фаронса ва Австрия ду кишвари муҳим барои Хазинаи суботи молии Иттиҳодияи Аврупоро рӯзи ҷумъа поин бурд. Дар маҷмӯъ дар ин рӯз рутбаи иқтисодии 9 кишвари иттиҳодия поин рафт. Айни замон Standard and Poor эълом кард, ки дар сурати замонатҳои нав аз тарафи кишварҳои ҳавзаи евро барои бунёди мазкур рутбаи пешинаи Хазинаи суботи молии Иттиҳодияи Аврупоро барқарор мекунад. Поин рафтани рутба кори бунёди мазкурро дар ҷалби қарзҳои камфоиз аз сармоягузорон мушкил мекунад.
XS
SM
MD
LG