Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ронандаҳои таксӣ дар Озарбойҷонро ошуфта кард


Пулиси шаҳри Боку пойтахти Озарбойҷон ба садҳо ронандаи таксӣ, ки дар назди вазорати нақлиёт ҷамъ омада буданд, ҳамла кард. Ин ронандаҳоро муқаррароти нави таксиронӣ ба хашм овардааст, ки намегузорад, мошинҳои хусусиашонро барои таксиронӣ истифода кунанд. Ронандаҳои таксӣ дар Боку ба нишони эътироз аз ин муқаррарот дар назди вазорати нақлиёт гирди ҳам омада ва хостори истеъфои вазир Зиё Мамадов шуданд. То кунун онҳое, ки дар Озарбойҷон бо мошинҳои худ, мусофиркашӣ мекарданд, солона молиёт мепардохтанд, аммо ҳоло бояд барои ин кор иҷозаномаи 191 долларӣ бихаранд. Дар Озарбойҷон ҳазорон нафар аз ҳамин роҳ барои хонаводаҳояшон рӯзӣ пайдо мекунанд ва ин ронандагон мегӯянд, ҳукумат, дар ивази фароҳам кардани ҷойи кори муносиб онҳоро бо муқаррароти нав аз манбаъи даромади худ маҳрум мекунад. Бар асоси муқаррароти нав, ҳоло бояд тамоми ронандаҳои таксӣ, навигатор ва ё раҳёб, ҳисобкунак ва мошини наву зард дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG