НАТО суқути як чархболи мулкӣ дар ҷануби Афғонистонро таъйид кард, вале аз шарҳи иллатҳои сониҳа ҳанӯз худдорӣ меварзад.Маълум нест, ки чархболро суқут додаанд ё ба далоили фаннӣ сарозер шудааст. Аммо сухангӯи Толибон Қориюсуф Аҳмадӣ даъво кардааст, ки чархболро чирикиҳо “суқут додаанд” ва он “оташ гирифтаву ҳамаи сарнишинонаш ҳалок шудаанд."