Дар Остона-пойтахти Қазоқистон дар сохтмони бинои нави масҷиди “Ҳазрати Султон” сӯхтор ба амал омад ва дар он як коргар ба ҳалокат расид. Ҷасади коргарро кормандони раёсати умури изтирории шаҳр ҳангоми бозрасии бино пайдо карданд. Дар бораи шахсияти ҷонбохта хабар дода намешавад. Сӯхтор фурӯ нишонда шудааст ва бино ба хабарҳо, оташ 800 метри мураббаи биноро фаро гирифтааст. Масҷиди “Ҳазрати Султон” бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Қарор буд ин масҷидро моҳи декабр ба муносибати 20 солагии истиқлоли Қазоқистон боз кунанд, вале гушоиши он ба таъхир андохта шуд.