Дар Қазоқистон райдиҳӣ дар интихоботи порламонии ин кишвар идома дорад. Интизор меравад, ки баъд аз ин интихобот як ҳизби дигар низ ба порламон роҳ ёбад. Бо вуҷуди ин пешгӯӣ мешавад, ки мумкин аст ҳизби “Нур Отан”-и президент Назарбоев аксарияти курсиҳоро дар порламони дорои 107 намоянда ба даст орад. Бори аввал ҳизби дуввум ба таври автоматӣ ба порламон роҳ дода мешавад.
Ҳар ҳизб барои роҳ ёфтан ба порламон бояд 7 дарсад рай гирад. Вале ба бисёре аз мухолифони сисёсии Назарбоев имкон дода нашуд, то дар ин интихобот ширкат ҷӯянд. Баъд аз нооромиҳои як моҳи пеш дар Жаноазен ҳизби дуввумро ба порламон роҳ медиҳанд, то бад-ин тариқ аз ҳар гуна норизоятиҳо пешгирӣ кунанд.
Гузориш мешавад, ки мақомот ба рӯзноманигорони мустақил барои рафтан ба шаҳри Жаноазен, ки моҳе пеш нооромӣ рух дода буд, пешигрӣ кардаанд.