Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародеӣ дар интихоботи Миср номзад намешавад


Муҳаммад ал Бародеӣ
Муҳаммад ал Бародеӣ
Муҳаммад ал Бародеӣ-номзади эҳтимолӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Миср имрӯз эълон кард, ки вай аз ширкат дар рақобатҳои интихоботӣ канор меравад. Бародеӣ, ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аст гуфт, сабаби тасмимаш ин аст, ки Шӯрои низомӣ, ки ҳоло раҳбарии Миср дар ихтиёраш аст, мисли гузашта рафтор мекунад гӯё, ки дар Миср ҳеҷ инқилоб рух надодааст. Бародеӣ гуфт, ки вай муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ ва ё ягон курсии дигари расмӣ нахоҳад буд, агар қонунҳои демократӣ дар ин кишвар риоят нашаванд. Бародеӣ дар гузашта раиси Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ буд. Аз замони барканории Ҳуснӣ Муборак то ҳол Миср раиси ҷумҳур надорад ва кишварро Шӯрои низомӣ раҳбарӣ мекунад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар поёни ҳамин сол баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG