Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раҳоии Ҳукумов бо қазияи халабонҳо рабт надорад"


Бинои вазорати умури хориҷии Русия
Бинои вазорати умури хориҷии Русия

Вазорати хориҷаи Русия ҳар навъ рабти раҳоии халабонҳои як ширкати русӣ бо бекор кардани ҳукми зиндони Рустам Ҳукумовро радд кард.

Маскав мегӯяд, ҳукми халабонҳои ширкати «Ролкан»-ро беасос медонад ва ҳамчунон ба лағви он талош хоҳад кард. Матбуоти Русия мегуфт, ки халабонҳоро ба хотири раҳо кардани писари Амонуллоҳ Ҳукумов муҷозот кардаанд.

Аз ин қабл вакили мудофеи Рустам Ҳукумов низ гуфта буд, ки ҳукми раҳоии писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳ Ҳукумов рабте ба қазияи халабонҳо надорад. Константин Рибалов дар торнамояш навишта буд, ки Раёсати додгоҳи вилояти Маскав дар таърихи 28-уми декабр ба натиҷае расид, ки ҳукми Рустам Ҳукумов бар пояи ҳадсу гумонҳо содир шуда, иттиҳомоти зидди ӯ исбот нашудааст.

Рустам Ҳукумов дар соли 2010 бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз сӯи додгоҳи шаҳри Шёлковои вилояти Маскав ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди судури ҳукми зиндони ду халабони ширкати “Ролкан” Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз сӯи додгоҳи Қӯрғонтеппа, матбуоти Русия ҳадс мезад, ки Душанбе шояд мехоҳад бо чунин роҳ ба раҳоии Рустам Ҳукумов ноил шавад.

Ҳарчанд то он замон матбуоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи боздошт ва ҳукми зиндони писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ҳарфе нагуфта буданд.
XS
SM
MD
LG