Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Зардорӣ аз сафари Дубай


Осифалӣ Зардорӣ
Осифалӣ Зардорӣ
Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ субҳи ҷумъа аз Дубай ба Исломобод баргашт. Сухангӯи ӯ Фарҳатуллоҳ Бобур гуфт, Зардорӣ дар Дубай дар як арӯсӣ ширкат дошт. Ин сафари якрӯза дар ҳолест, ки таниш байни раҳбарони мулкиву низомии Покистон дар мавриди таҳқиқи нақши давлат дар ирсоли номаи мармуз бо дархости кумаки Амрико барои коҳиш додани нуфузи низомиҳо тундтар мешавад. Рӯзи чоршанбе артиш дар пайи як интиқоди сарвазир Юсуфризо Гелонӣ аз низомиҳо дар бораи пайомадҳои амиқи чунин сӯҳбатҳо ҳушдор дод. Аммо Гелонӣ ба навбаи худ муовини вазири дифоъ генерал Наим Холид Лодҳиро ба далели «рафтори бад» барканор кард.
XS
SM
MD
LG