Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшиносон: "Ҳабси абад ҳалли масъала нест"


Нусратуллоҳ Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон
Нусратуллоҳ Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон

Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар як соли ахир 13 нафар бо ҷазои ҳабси абад маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ин рақам дар муқоиса ба соле пеш чор маротиба бештар аст. Ин дар ҳолест, ки аз дар пайи ба таълиқ даромадани ҷазои қатл аз чанд сол ба ин сӯ ҳабси абад ба унвони баландтарин ҷазо дар низоми додгоҳии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Хабари маҳкум ба ҷазои ҳабси якумрӣ шудани 13 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии ин кишвар эълом шуд. Ҷаноби Абдуллоев, ки рӯзи ҷумъа бо хабарнигорон мулоқот мекард, дар ин бора гуфт, «аз маҷмӯъи маҳкумшудаҳо, ки 109 нафарро ташкил медиҳад, 13 нафар ҷазои ҳабси абад гирифтаанд. Инҳо ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва барои ҳамин ҳукми ҳабси абад гирифтанд.»

Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон сабаби ба маротиб бештар шудани ҷазои ҳабси абад дар як соли ахирро ба баррасии парвандаҳои марбут ба 25 тан аз маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи КАМ дар моҳи августи соли 2010, воқеаҳои даҳшатбори минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ва ҳамла ба бинои раёсати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд марбут донист. Ба ин тартиб теъдоди маҳкум ба ҳабси абад нисбат ба соли 2010, ки 3 нафар буданд, чор маротиба бештар шудааст.

Ҳамакнун ба маротиб бештар шудани ҷазои ҳабси якумрӣ мояи нигаронӣ ва интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик ва раиси созмони иҷтимоии «Переспектива плюс», ки мухолифони сарсахти ҳукми ҳабси абад дар Тоҷикистон аст, мегӯяд, бо ин роҳ намешавад, мушкилро ҳал кард. Чун ба таъкиди хонум Бобоназарова, «ин ҷазо ҳалли масъала нест. Бубинед, вақте як нафарро ҳукми ҳабси якумра медиҳанд, вай сад пайванд дорад, бародару хоҳару падару модару дигару дигар. Пас тасаввур кунед, ки аз ин ҳукм дили сад пайванд мемонад. Албатта шахсе, ки ҷиноят мекунад, бояд ҷазояшро бигирад, ин ҳатмӣ аст. Аммо бояд ба ҳар ҳол ҷазо ҳам як меъёр дошта бошад.»

Хонум Бобоназарова бар ин бовар аст, ки сабаби зиёд шудани мавориди ҳукми абад дар Тоҷикистон ба паёмади таҳаввулоти ахир дар минтақа ва кишварҳои арабӣ рабт
Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
мегирад ва талош мешавад, то аз тариқи якумрӣ маҳрум сохтан аз озодӣ, аз вуқӯи ин гуна ҳаводис ҷилавгирӣ шавад. Дар ҳоле, ки ба таъкиди ҳуқуқдони саршиноси тоҷик бархӯрди сарсахтона метавонад паёмадҳои номатлубтареро ба дунбол дошта бошад.

Аз сӯи дигар, Зулфиқор Замонов, аз дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҷазои ҳабси абад дар ин кишвар дар ҳоле, бештар мешавад, ки шароити нигаҳдорӣ дар зиндонҳо дар сатҳи хеле пойин қарор дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ва дигар мушкилот, ҳомиёни ҳуқуқи башар пешниҳод доранд, то роҳҳои беҳтаре барои аз озодӣ маҳрум кардани муҷримон тавассути қонунгузорӣ ва ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон рӯи даст гирифта шавад. Чун ба таъкиди онҳо, дар қонуни ҷиноӣ ҳам ҳадафи ҷазо додан ба ҷинояткор ба хотири ислоҳ шудан аст, на ин ки ӯро як умр аз озодӣ маҳрум кардан ва ҳуқуқи инсон будани ӯро нақз намудан.

Зимнан, ҳабси абад дар низоми додгоҳии Тоҷикистон баландтарин ҷазо маҳсуб мешавад. То ҳафт соли пеш ҳукми қатл болотарин ҷазо буд. Аммо дар пайи ворид кардани тағйирот ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар охири соли 2004 ҷазои ҳабси якумрӣ ҷойи ҳукми қатлро гирифт.

Аммо бо он, ки дар муддати ин солҳо ҷазои қатл ба таълиқ даромадааст, баҳсҳо бар сари комилан аз байн бурдани ин ҳукм матраҳ аст. Тарафдорони аз байн бурдани ҷазои қатл бештар намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳастанд.

Аммо ҷониби давлат мегӯяд, ҳанӯз ҷомеа барои ин кор омода нест. Бо ин ҳам давлати Тоҷикистон ба манзури омӯзиш ва баррасии ин масъала кумиссиюни вижаеро ташкил кардааст, ки бояд ин ниҳод мушаххас кунад, ки дар ниҳоят ҳукми қатл дар Тоҷикистон дубора барқарор хоҳад шуд ва ё комилан аз низоми додгоҳӣ берун хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG