Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи пурсарусадое аз ҷанги Ироқ


Дар додгоҳе дар аёлати Калифорния имрӯз муҳокимаи як сарбози нерӯҳои баҳрии Амрико шурӯъ мешавад, ки ӯро ба қатли мардуми бегуноҳ дар Ироқ муттаҳам мекунанд. Франк Вутерихи 31-сола ба қатли амдӣ ва даст доштан дар марги 24 ғайринизомии ироқӣ муттаҳам мешавад. Ин 24 нафарро, ки аксарияташон занону кӯдакон буданд, 19 ноябри соли 2005 дар як маҳаллаи шаҳри Ҳадисаи Ироқ куштанд. Франк Вутерих худро бегуноҳ хондааст, вале дар сурати собит шудани иттиҳомот додгоҳ метавонад, ӯро ба 150 соли зиндон маҳкум кунад.
XS
SM
MD
LG