Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урмас Паэт аз Душанбе боздид хоҳад кард


Урмас Паэт
Урмас Паэт
Қарор аст, вазири хориҷаи Эстония Урмас Паэт рӯзи 12 январ бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шавад. Ин нахустин боздиди расмии раҳбари идораи дипломатии Эстония аз Тоҷикистон хоҳад шуд. Масъалаи таҳкими равобит байни Таллин ва Душанбе дар моҳҳои охир, баъди дар Тоҷикистон боздошт ва маҳкум ба зиндон шудани шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки ҳамроҳ бо шаҳрванди Русия Владимир Садовничий дар Афғонистон барои ширкати ҳавопаймоии “Ролкан” кор мекард, матраҳ шуд. Душанбе дар пайи вокуниши тунди Русия ба ҳукми ин ду халабон ҳардуро афв ва аз маҳбас раҳо кард.
XS
SM
MD
LG