Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон


Матлубхон Давлатов
Матлубхон Давлатов
Бо амри Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, ки қаблан раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд, муовини аввали нахуствазири кишвар таъйин шуд. Бар пояи иттилои расмӣ, курсии раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро Бахтиёр Худоёров, собиқ вазири адлияи кишвар, соҳибӣ мекунад. Рустам Менглиев вазири адлияи Тоҷикистон таъин шуд.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дабири Шӯрои амният таъйин мешавад ва муовини аввали ӯ -- Рамазон Раҳимов курсии вазириро ишғол хоҳад кард.

Тайи ду рӯзи ахир бо амри Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин руасои чанд ноҳияи кишвар аз мақом барканор шуданд.
XS
SM
MD
LG