Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико мунозираҳои интихоботӣ оғоз мешавад


Имрӯз дар аёлати Айоваи Амрико нахустин мунозираҳои интихоботӣ оғоз мешавад ва сипас он дар ҳамаи аёлатҳои Амрико давом мекунад. Дар мунозираҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ширкаткунандагон тасмим хоҳанд гирифт, ки номзадии чӣ касе дар муқобили Барак Обама-раиси ҷумҳури кунунӣ пешбарӣ шавад. Интихоботи раиси ҷумҳури Амрико моҳи ноябр баргузор мешавад. Назархоҳиҳои ахир нишон додааст, ки Митт Ромнӣ-раиси аёлати Массачусетс бо Рон Пол-узви Конграи Амрико аз Техас тақрибан баробаранд. Аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳоло 8 нафар номзадии худро дар муқобили Барак Обама пешниҳод кардаанд.
XS
SM
MD
LG