Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони пешини Русияро дар Полша боздошт карданд


Дирӯз Полша Александр Игнатенко-додситони пешини Русияро бо дархости Маскав боздошт кард. Маскав Игнатенкоро барои ҳамдастиаш дар казиноҳои ғайриқонунӣ ҷустуҷӯ мекард. Ожонси кашфи Полша, ки Игнатенкоро боздошт кардааст, аз додани тавзеҳот дар бораи ин боздошт худдорӣ намуд. Игнатенко дар роҳ ба сӯи осоишгоҳи кӯҳистонии Тарта дар Закопане боздошт шуд. Қарор буд вай дар он ҷо бо зану фарзандаш мулоқот кунад. Бино ба гузоришҳо, вай бо худ шиносномаи литвонӣ доштааст. Моҳи апрели соли гузашта ҳамдастии Игнатенко бо шабакаи казиноҳои ғайриқонунӣ ифшо шуд ва вай аз мақом барканор гардид. Моҳи май дастури боздошти вайро содир карданд.
XS
SM
MD
LG