Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд боз "ҷойи по" меҷӯяд. Ин бор дар шифохонаи ҳарбӣ


Вазорати дифои Тоҷикистон оғози фаъолияти шифохонаи низомии Ҳинд дар кишварро таъйид ё такзиб накард.

Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин маврид миёни ду кишвар ҳанӯз тасмимгирие нашудааст.

"Ду сол пеш, вақте дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар сӯҳбат мешуд, ин масъала вуҷуд надошт ва то ба ҳол маълум нест, ки ягон тавофуқе дар ин маврид ба даст омада бошад",-гуфт ҷаноби Муҳаммадалиев.

Ахиран расонаҳои ҳиндӣ ба нақл аз сарвари Хадамоти тиббии нерӯҳои мусаллаҳи Ҳиндустон генерал Какрия навиштанд, ки ин кишвар мехоҳад, фаъолияти шифохонаи низомияш дар Тоҷикистонро аз нав ба роҳ монад. Генерали ҳиндӣ гуфтааст, Корпуси тиббии артиш ё AMC-и Ҳиндустон омодааст тими 70-нафараеро, бо шумули 10 афсар бадоҳатан пас аз гирифтани амр ба Тоҷикистон фиристад.

Шифохонаи низомие, ки мақомоти Ҳиндустон дар назар доранд, то соли 2001 дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон фаъолият дошт ва асосан ба Эътилофи Шимол дар Афғонистон хизмати тиббӣ мерасонд ва ба қавле, пас аз ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанаш сарвари Эътилоф Аҳмадшоҳи Масъуд низ ба ин шифохона оварда шудааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим


Фаридун Муҳаммадалиев
Фаридун Муҳаммадалиев
Ҳоҷӣ Лутфурраҳмон, яке аз маъмурони пулис дар шимоли Афғонистон ва дар гузашта сарбози Эътилофи Шимол, ки дар ин шифохона табобат гирифтааст, мегӯяд, ба далели ғасби шифохонаҳои эътилоф дар вилояти Тахор аксаран сарбозони аз дасти Толибон маҷрӯҳшуда ба Фархори Тоҷикистон интиқол меёфтанд. Ӯ гуфт, “ҳар навъ амалиёту тадовӣ дар он ҷо имкон дошт ва шифохона ҳам бо навтарин таҷҳизоти он замон муҷаҳҳаз буд. Пас сарнавишташ чӣ шуд, хабар надорам.»

Баъд аз вуруди эътилофи байнулмилал ба Афғонистон ва суқути режими Толибон дар соли 2001 Ҳиндустон шифохонаи низомии Фархорро раҳо кард. Ба иттилои мақомоти ҳиндӣ, ҳоло дар чор вилояти Афғонистон -- Кобул, Қандаҳор, Ҷалолобод ва Ҳирот ҳамчунин шифохонаҳои Корпуси тиббии артиши Ҳиндустон фаъолият доранд. Онҳо гуфтаанд, шифохонаи Фархор 45 бистар хоҳад дошт.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст ва тасмими дигарбора аз сар гирифтани кори шифохонаи низомӣ ба хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар соли 2014 рабт дода мешавад. Мақомоти Ҳинд ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар ин робита Ҳинд ҳузури низомиаш дар Афғонистонро ба таври густарда тақвият хоҳад дод. Аммо дар ҳоле ки сухан аз ҳузур дар Афғонистон меравад, таҷдиди кори шифохонаи низомӣ дар Тоҷикистон ба чӣ маънист?

Аҳмадшоҳи Масъуд
Аҳмадшоҳи Масъуд
Коршиносон мегӯянд, вазъи Афғонистон ҳамеша дастаки хубе барои нуфузҷӯиҳои қудратҳо дар минтақа будааст ва Ҳиндустон истисно нест. Амруллоҳи Собир, коршиноси умури амниятӣ мегӯяд, бо он вуҷуд ки Ҳиндустон фаъолияти шифохонаи низомӣ дар Тоҷикистонро қатъ кард, бадоҳатан баҳонае барои ҳузури низомиашро ёфт ва то ба ҳол бо тармими фурудгоҳи низомии Айнӣ машғул буд.

Вай афзуд, ҳузури низомии Ҳинд дар Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои Русия сурат мегирад: "То соли 2001 Тоҷикистон дар масоили низомӣ бештар раҳнамоиҳои Русияро гӯш мекард. Русия ба хотири роҳ надодани кишварҳои исломӣ, ба мисли Покистону Эрон ва кишварҳои араб зарур медонист, ки Ҳиндустон дар Тоҷикистон бошад. Покистон - рақиби Ҳинд метавонист аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят кунад, яъне ин як навъ тарҷеҳ додани Ҳиндустон бар Покистон дар минтақа буд. Ҳоло гӯиё ин вазъ аз рӯи ҳамон қоидаи куҳан такрор мешавад."

Сарусадоҳо дар бораи фаъолияти дигарбораи шифохонаи низомӣ дар Фархор дар ҳоле баланд мешавад, ки ахиран вазорати дифои Тоҷикистон хабари мустақар шудани ҷангандаву чархболҳои ҳиндӣ дар фурудгоҳи Айниро такзиб кард. Овозаҳои матбуоти Ҳинд роҷеъ ба фурудгоҳ сабаби сафари сарвари ситоди артиши Покистон ба Тоҷикистон ва пешниҳоди густариши ҳамкориҳои ҳарбии ду кишвар шуданд. Дар мавриди шифохонаи ҳарбӣ Покистон ҳанӯз вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG