Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: "Ҳузури ИМА дар "Манас" ба нафъи мо нест"


Пойгоҳи "Манас" дар Қирғизистон
Пойгоҳи "Манас" дар Қирғизистон

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, қароргоҳи низомии Амрико дар "Манас" ба нафъи кишвараш намебошад.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, вай қаблан дар ҷараёни сафари муовини вазири умури хориҷии Амрико Роберт Блейк ба минтақа, ба ӯ гуфта буд, 150 миллион доллареро, ки ИМА дар бадали истифода аз пойгоҳи "Манас" ба Қирғизистон медиҳад, ба хатаре намеарзад, ки кишвараш ба хотири он рӯбарӯ мешавад.

Қирғизистон ягона кишвари ҷаҳон мебошад, ки ҳам қароргоҳи низомии Русия ва ҳам қароргоҳи низомии Амрико дар он ҳузур доранд. Қароргоҳи низомии Амрико дар майдони ҳавоии "Манас", дар наздикии Бишкек, пойтахти ин кишвар ҷойгир аст. Ин қароргоҳ барои расонидани маводи икмолотии нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон, як маркази бисёр муҳим ба шумор меравад.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ӯ таҳти фишори Русия дар ин маврид сӯҳбат мекунад, вале ин дуруст нест.

Ӯ афзуд, ҳукуматаш дар назар дорад, ки майдони ҳавоии "Манас"-ро ба як майдони пешрафта табдил кунад: «Дар як майдони ҳавоии мулкӢ ҷой додани як қароргоҳи низомӣ хатарнок аст. Шумо бубинед, ки дар ҷаҳон чӣ иттифоқ меафтад, Эрон мегӯяд, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро мебандад. Амрико мегӯяд, ки ба ин кор иҷоза нахоҳад дод ва Эрон мушакҳое дорад, ки метавонад Бишкекро ба осонӣ ҳадаф қарор диҳад. Агар онҳо бо ин мушакҳо фурудгоҳи ҳавоиро ҳадаф қарор диҳанд, ин мушакҳо ба Бишкек ҳам расида метавонанд. Пас ҳифзи чунин қароргоҳ барои мо чӣ зарурате дорад?»

Гарчанде Амрико ва НАТО дар назар доранд, ки нерӯҳои худро то соли 2014 аз Афғонистон хориҷ намоянд, вале бо таниш миёни Амрико ва НАТО бо Покистон, ин қароргоҳ барои онҳо аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт, дар оянда Амрико ва Русия якҷоя метавонанд майдони ҳавоии "Манас"-ро ба як майдони ғайри низомӣ табдил кунанд ва барои амалиётҳои ғайри ҷангӣ истифода намоянд.

Ин суханони раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар нимаи дуввуми моҳи декабр, раҳбарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав ба тавофуқ расиданд, ки пойгоҳҳои низомии кишари саввум дар кишварҳои узви ин созмон, танҳо бо ризояти сарони СПАД ҷойгир хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG