Пайвандҳои дастрасӣ

Пиразани 116-солаи чечен ба Китоби Гиннес медарояд


Кесӣ Каруева
Як пиразани чечен рӯзи 5 январ зодрӯзи 117-умашро ҷашн хоҳад гирифт. Кесӣ Каруева ҳанӯз соли 1894 ба дунё омада, ҳам даврони подшоҳии Николайи дувумро ёд дорад ва ҳам даврони ҳукумати худкомаи Иосиф Сталинро, ки чеченҳоро иҷборан ба Осиёи Марказӣ ва Сибир бадарға кард. Ин пиразан, ки шоҳиди айнии ҳаводиси 3 аср аст, мегӯяд, беҳтарин ва хотирмонтарин давраи зиндагиаш замони подшоҳии Николайи ду буд, ки касе ба касе хусумат надошт.
Феълан Китоби рекордҳои Гиннес мавзӯъи эътирофи Кесӣ Каруева ба унвони пиронсолтарин зани дунёро меомӯзад. Бессе Купер, ки дар аёлати Техаси Амрико ба сар мебарад, “ҳамагӣ” 115 сол доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG