Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Торнамои Озодӣ — сайти соли 2011


Торнамои Радиои Озодӣ дар миёни 21 васоити электронӣ, сомона ва блогҳои Тоҷикистон ба унвони "сайти сол" дониста шуд.

Ин натиҷаи озмунест, ки аз тарафи Анҷумани байналмилалии «Афруз», созмони иҷтимоии «Тамаддун» бо ҳимояти интишоротии ҳафтаномаи «Миллат» дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Он гуна, ки Наҷмиддини Шоҳинбод, яке аз масъулони баргузории назархоҳӣ гуфт, "ин озмун моҳи март эълон шуда, дар он 954 нафар аз тариқи анкета-пурсиш, фиристодани паёмак ва ё SMS ва тавассути зангҳои телефонӣ ширкат карданд."

Ба таъкиди ҷаноби Шоҳинбод торнамои Радиои Озодӣ ҷамъан 438 раъй гирифт, ки баландтарин буда, биноан ғолиб дониста шуд. Пӯшиши мунсифонаи ахбор, фаврият ва ё сареъият ва ороиши саҳифа ва мизони таъсир ва нуфуз дар эҷоди афкори умум аз меъёр ё ченакҳои асосӣ барои мушаххас кардани "Сайти сол" дар ин озмун будааст.

Унвони мазкур дар ҳоле ба торнамои Радиои Озодӣ дода мешавад, ки зиёда аз 3 миллиону 155 000 нафар дар давоми сол беш аз 13 миллион бор аз он дидан кардаанд. Торнамо дар тӯли соли 2011 беш аз 15 000 матлаб, аз ҷумла 624 видео ва ҳамчунин зиёда аз 300 000 шарҳи хонандагонашро нашр намудааст.

Аммо дар мушаххас кардани шахсиятҳо, назири «Мусоҳиби сол», «Сафири сол», «Сардабири сол» ва ғайра маълумоти васоити ахбори ом, пешниҳоди коршиносон ва раҳбарони сохторҳо ва назари 678 нафар аз раъйдиҳандагон ба назар гирифта шудааст.

Бино бар натиҷаҳои озмун, хабарнигори Радиои Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод барои силсилаи мусоҳибаҳояш бо сиёсатмадорон ва чеҳраҳои саршиноси ҷомеа ба унвони «Мусоҳиби сол» пазируфта шудааст.

Баргузоркунандагони озмун мегӯянд, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, Кеннет Гросс аз тарафи раъйдиҳандагон бештарин ҳимоятро дида, ба унвони "Сафири сол" номбар гаштааст. Ашхос, созмон ва муассисаҳое низ дар риштаҳои гуногун ба далели назаррас ва фаъол будани хуш ба унвонҳои марбути соли 2011 ноил гаштаанд.

Дастандаркорони озмун мегӯянд, ба таърихи 15 январ ғолибон бо дипломҳо мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG