Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон бар асари таркиши бомби канори роҳ даҳ афсари полис ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи волии Ҳилманд Довуд Аҳмадӣ мегӯяд, ҳангоми бозгашт аз маркази даъват ба хидмат афсарони савори мошин бо инфиҷор мувоҷеҳ шуданд. Ӯ афзуд, ки қурбониҳо афсарони полиси маҳаллӣ буданд, ки аз тарафи ИМА сармоягузорӣ мешавад.
Куштори 10 афсари полис дар Ҳилманди Афғонистон
