Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Соли нав дар нашрияҳо. Ҷашн гирем ё нагирем?


Баҳси тарафдорон ва мухолифони таҷлил аз Соли нави милодӣ аз мавзӯъҳои меҳварии аксар матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбест.

"СССР"

Ин нашрия навиштааст, ки "имрӯз атрофи ин ибора тундравӣ ва зиёдагӯйист ва мутаассуф, нафаре ҳам ба дарки масъала фурӯ нарафта, таҷлил аз соли навро соли урусӣ, христианӣ, куфр ва бидъат ва ғ. ва ҳ. ҳукм мекунад." "СССР" менависад, "мо - тоҷикон аз ин соли нав то замоне, ки дар солшумории милодӣ ҳастем, пешвоз хоҳем гирифт: хоҳем нахоҳем чунин аст. Зеро соли нави кории мо аз 1 январ сар мешавад ва 31 декабр ҷамъбасти сол аст!"

"НАҶОТ"

Дар матлаби "Соли нав, яъне чӣ?" атрофи мафҳуми соли нави милодӣ ва назокатҳои таҷлили он баҳс карда ва навиштааст, ки "дар воқеъ ҳадди ақал 3 сол боз баҳсҳое дар ин замина дар ҷомеа густариш меёбанд ва шакл мегирад, тавре иттилоъ мерасад, ҳатто дар долонҳои ҳукумат ҳам. Ангеза чист?" Муаллифи матлаб дар идома навиштааст, "шахси аз берун омада чунин тасаввур мекунад, ки миллати тоҷик дигар заррае мушкил надорад, ҳама ҷо рақсу таронахонӣ ва айшу тараб, ҳатто дар болои порасангҳои кӯҳистон ҳам. Дар ҳоле ки қонуне қабул кардем ба хотири гӯиё танзими расму ойин."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар ин робита назари чанд тан аз сокинонро пурсидааст. Шоира Раҳматова, корманди маркази компютерӣ Наврӯзро соли нав хонда ва гуфтааст, ки "маҳз ҷашни Наврӯз дар мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомат ва хушҳолӣ таҷлил мешавад." Аммо Шарифамоҳ Файзуллоева, сокини 50-солаи Душанбе ба онҳое, ки мухолифи таҷлили соли нави милодӣ ҳастанд, мувофиқ нест. Ба таъкиди хонум Файзуллоева, "тӯли сол воқеаҳое мешаванд, ки бояд дар поёни сол аз онҳо натиҷагирӣ шавад. Соли навро бо дастоварҳо ҷашн гирифтан мояи хушҳолист ва аз сӯи дигар гирифтани тӯҳфа дар ин шабу рӯз хотири шахсро болида мегардонад."

"ФАРАЖ"

Соли 2011-ро дар матлабе "соли моҷароҳо" номидааст. Ба навиштаи нашрия "давоми соли 2011 Тоҷикистон дар бархе аз соҳаҳо бурдҳои зиёд дошт, ки чун ҳарсола боиси ситоиши расонаҳои ба истилоҳ "ҳукуматӣ" гардид. Аммо бохтҳо низ дар ин сол на камтар аз бурдҳо буданду ин паҳлӯи масъаларо расонаҳои мустақилу шахсиятҳои алоҳида зери интиқоди шадид қарор медонанд." Нашрия қазияи халабонҳоро дар феҳрасти тамоми "моҷароҳои сол" қарор дода ва навишт, "ин ҳодисаи нигаронкунанда муносибати Тоҷикистону Русияро ба сардӣ бурд ва агар дар солҳои қаблӣ танҳо Узбакистонро рақиби асосии худ медонистем, ҳоло муносибати Маскав ҳам бо Душанбе, ки шарики асосии стратегӣ маҳсуб мешуд, нохуб гардид."

"НИГОҲ"

Дар робита ба соли сипаришаванда навиштааст, "аксарии ҳаводисе, ки дар соли 2011 иттифоқ афтод, занҷираҳои тамоюл (тенденсия)-ҳо буданд, ки таҳлил онҳо моро ба як хулоса водор месозанд: тамоюлҳои соли 2011 ҳушдорҳои ахирин ба ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд." Нашрия менависад, "дар бораи ҷилавгирии вазъ андешаи ислоҳоту тағйирот зиёд шунида мешавад, аммо ҳар рӯз зиёдтар эҳсос мешавад, ки ҳукумати марказӣ рефлексияи сиёсиро аз даст додан дорад ва тақрибан ба ҳеҷ мушкилот ва таҳдиди воқеиву эҳтимолӣ вокуниши давлатии самаранок надорад."

"ОЗОДАГОН"

Бо наздик шудани ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи тағйироти кадриро матраҳ кардааст. Дар посух ба суоли "Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат имконпазир аст?", Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, "тағйироти хубро интизорам. Кадрҳое, ки аз як вазифа сабукдӯш ва ба вазифаи дигар таъйин мегарданд, нафароне ҳастанд, ки таҷрибаи зиёд доранд. Албатта, онҳо консервативӣ ҳастанд, тағйироти зиёдро қабул надоранд, лекин кафолати устувории низом ба шумор мераванд." Аммо Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати "Бахт" бар ин назар аст, ки "дар ҳукумат танҳо ивазкунии курсиҳо ба назар мерасад ва аз ин ивазшавиҳо ягон беҳбудӣ намешавад."

"МИЛЛАТ"

Дар ин замина ба "тағйирот не, ислоҳоти кадрӣ лозим" таъкид кардааст. Ба навиштаи нашрия "ҷавонсозии аъзои ҳукумат аз "сиёсат"-ҳои навбатии ҳукуматдорони кишварҳое мисли Русия мебошад, ки бо ҳузури давомдори худ ва ҳамраъёнашон дар сари қудрат таваҷҷӯҳи мардумро аз даст дода, ҳамакнун ба ислоҳоти кадрӣ гузаштанианд. Аммо ба ин монанд таҳаввулоти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон аз имкон берун аст. Зеро ба навиштаи нашрия "барои Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба он ҳадде, ки мебояд, мушкил аст дигаргуниҳои куллии кадриро анҷом диҳад. Дар вазъияти имрӯза иваз намудани натанҳо сарвазир, балки баъзеи дигар кадрҳои ба синни нафақа расида ба манфиати ҳукумати кунунӣ нест."

"ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ"

Хабари хушеро ба мардуми Тоҷикистон дар мавриди боло нарафтани қимати истифода аз нерӯи барқ ироа кардааст. Нашрия ба нақл аз масъулони ширкати "Барқи тоҷик" навиштааст, "мавзӯи боло бурдани пардохти истифода аз нерӯи барқ дар ҳоли ҳозир матраҳ нест ва сару садоҳо дар ин замина воқеият надорад. Ҳарчанд ба таъкиди ин масъулон соли ҷорӣ пешниҳоде ба ҳукумат барои боло бурдани қимати истифодаи нерӯи барқ шуда буд, аммо бо ҳадафҳои башарӣ ин кор амалӣ намешавад."
XS
SM
MD
LG