Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми абади "Кӯри малиш". Ҷазои баъд аз фирор


Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳикмат Азизов, маъруф бо лақаби “Кӯри малиш”-ро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳукми Ҳикмат Азизов дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе ва паси дарҳои баста эълон шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ вакили мудофеи ӯ -- Наргис Ҳодиева хабар дод.

Ӯ дар ҳоле ба ҳабси абад маҳкум гардид, ки қаблан Додгоҳи олӣ Азизовро барои сӣ сол равони зиндон карда буд. Аммо фирор аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар соли гузашта зоҳиран ба муҷозоти "Кӯри малиш" афзудааст.

Ҳикмат Азизов тобистони соли 2010 ҳамроҳ бо 24 маҳбуси дигар аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ фирор кард. Ӯро моҳи декабри соли ҷорӣ дар Афғонистон боздошт карда ва ба Тоҷикистон истирдод намуданд.

Аз ин 25 маҳбуси фирорӣ 8 нафари онҳо дар аснои амалиёти мухталиф ба қатл расида ва 17 тани дигар боздошт ва бархеи онҳо бо шумули Ҳикмат Азизов дубора ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аксари ин афрод барои ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ, кӯмак ба ҷинояткорон, доштани силоҳ ва талош барои сарнагунии сохти конститутсионии давлат муҷрим шинохта мешаванд.

Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба Кӯри малиш
Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба Кӯри малиш
Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба “Кӯри малиш”, дар гузашта яке аз фармондеҳон ва наздикони Мирзо Зиёев буд. Пас аз эълони сулҳ дар Тоҷикистон, ки Мирзо Зиёев раҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, Азизов ба унвони фармондеҳи нерӯҳои ин кумита дар ноҳияи Тавилдара таъйин шуд.

Дар соли 2009 пас аз қатли Мирзо Зиёев, раҳбари пешини Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар Тавилдара, Ҳикмат Азизов ва фарзандони Мирзо Зиёева боздошт шуда ва ба муддатҳои мухталиф равонаи зиндон гаштанд.
XS
SM
MD
LG