Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: “Ҳикмат Азизов зинда аст...”


Ҳикмат Азизов, маъруф бо лақаби "Кӯри малиш"
Ҳикмат Азизов, маъруф бо лақаби "Кӯри малиш"

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба “Кӯри малиш”, ки дар соли 2010 аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда ва дубора дастгир шуд, сиҳату саломат аст.

Аммо Мунаввара Зардакова, модари Ҳикмат Азизов, ки 63-сола аст, ба зинда будани писараш дар зиндони муваққат шак дорад.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Як сол ба ин сӯ надидаам. Вакили мудофеъ мегӯяд, ки саломат аст, вале бовар
Писарам муқобили муҷоҳидон ҷангид. Дар ҳама амалиёт иштирок дошт. Ҳамин ки ҷанг тамом шуд, хилофи ваъда ӯро ҳам зиндонӣ карданд...

надорам. Имрӯз бо судяаш ҳарф задам. Мегӯяд, очаҷон, дирӯз назди писарат даромадам, саломат аст ва ба ту салом гуфт. Гуфтам, саломат бошаду ба Шумо барори кор мехоҳам. Агар зинда бошад, чаро ба ман иҷозат намедиҳанд, ки ақаллан аз чанд метр дуртар ӯро бубинам?”

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Мирзо Каримов, додрас ё судяи Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи ҷиноии Ҳикмат Азизов, маъруф бо лақаби “Кӯри малиш” идома дорад. Оқои Каримов афзуд: “Модараш чанд рӯзи пеш омада буд. Ба ӯ гуфтам, ки ҳоло ба парвандаи ҷиноӣ ошноӣ надорам. Баъдтар биёед. Баъди як ҳафта омад. Ман ба ӯ иҷозатномаи дидор бо писарашро додам. Ҳоло ҳам он иҷозатнома дар дасташ аст. Вале раҳбарони боздоштгоҳи муваққатӣ ба ӯ иҷозаи дидор бо писарашро надодаанд. Ман сабабашро намедонам.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим



Ба қавли коршиносон ин як усули маъмул дар Тоҷикистон аст, ки додгоҳ иҷозаи дидорбинӣ бо боздоштшудагонро медиҳаду раҳбарони боздоштгоҳҳои муваққат ва зиндонҳо иҷозаи дидорро намедиҳанд. Аммо модари Ҳикмат Азизов мегӯяд, фарзандаш асрори зиёди воқеаҳои ахир дар минтақаи Раштро медонад ва имкон дорад ба ин далел писарашро кушта бошанд. Албатта, ин танҳо тасаввури модаре аст, ки аз нозукиҳои қонун огоҳӣ надорад.

Ба гуфтаи хонум Мунаввара, пас аз он ки писараш соли гузашта аз СИЗО ё зиндони муваққати Кумитаи амнияти миллӣ фирор кард, ӯро дар Афғонистон боздошт карданд ва 25-уми декабри соли гузашта писарашро дар телевизор дидааст. Ҳангоме, ки ӯро ба Тоҷикистон интиқол медоданд.

Мунаввара Зардакова афзуд, пас аз ба Тоҷикистон овардани писараш мақомот ваъда додаанд, ки агар Ҳикмат Азизов муқобили муҷоҳидон дар Рашт ҷанг кунаду онҳоро нобуд созанд, ӯро аз зиндон раҳо мекунанд. Модари Ҳикмат Азизов афзуд: “Писарам муқобили муҷоҳидон ҷангид. Дар ҳама амалиёт иштирок дошт. Ҳамин ки ҷанг тамом шуд, хилофи ваъда ӯро ҳам зиндонӣ карданд. Дигар хатту хабарашро нашунидаам.” Вай илова кард, “дилам ваҳм дорад, ки писарамро куштаанд.”

Ин қиссаи модарест, ки ҳадсу гумон ӯро шабу рӯз дар бораи сарнавишти писараш азият медиҳад. Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба “Кӯри малиш” дар гузашта яке аз фармондеҳон ва наздикони Мирзо Зиёев буд. Ва пас аз эъломи сулҳ дар Тоҷикистон вай ба унвони фармондеҳи нерӯҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара таъйин шуд.

Дар соли 2009 Ҳикмат Азизов чун намояндаи мақомоти давлатӣ дар даргириҳои ҳукумат бо нерӯҳои Неъмат Азизов дар минтақаи Қалъаи Ҳусейн дар Тавилдара миёнҷигарӣ кард. Аммо баъд аз қатли Мирзо Зиёев, раҳбари пешини Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар Тавилдара, Ҳикмат Азизов ва чанд тан аз наздикони Мирзо Зиёев дастгир ва ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Вале Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба “Кӯри малиш” дар моҳи августи соли 2010 аз боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамроҳи 24 нафари дигар фирор карда буд, ки то ба ҳол сабаби фирор аз ин зиндони муваққат рӯшан нашудааст.
XS
SM
MD
LG