Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҶИ-2012: Рақибони дастаи Тоҷикистон муайян шуданд


Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2012 муайян шуданд.

Бар асоси қуръакашӣ футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Эрон ва Литва рақобат хоҳанд кард.

Ин мусобиқа аз 19-ум то 29-уми январи соли 2012-ум дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор хоҳад шуд. Барои аввалин бор дар Ҷоми Иттиҳод танҳо дастаҳои мунтахаби ҷавонон ширкат мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар нахустин бозиаш 20-уми январ бо тими Литва вориди рақобат мешавад. Баъдан бо тимҳои Беларус (21-уми январ) ва Эрон (23-юми январ) рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ба ду гурӯҳи дигар дастаҳои зерин дохиланд:

Гурӯҳи “А”: Русия, Қазоқистон, Эстония, Туркманистон;

Гурӯҳи “B”: Украина, Молдова, Қирғизистон, Латвия.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG