Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди нозирони Лигаи Араб аз Ҳумс


Нозирони Лигаи Араб мегӯянд, дар рӯзи аввали боздиди онҳо аз шаҳри Ҳумс- маркази эътирозҳои алайҳи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад- ҳарду ҷониби низоъ ҳусни ҳамкории хуб нишон доданд. Ин ҳайъати 50-нафарӣ бахши аввал аз 150 нозирест, ки бояд ба хотири назорати раванди сулҳ то поёни сол дар Сурия мустақар шаванд. Гурӯҳи нозирон дирӯз бо волии Ҳумс мулоқот карда, аз сӯи издиҳоми эътирозгарон низ истиқбол шуд. Тайи 9 моҳи эътирозҳо дар Сурия, ба ҳисоби СММ, 5000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG