Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи як эронӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико


Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, муҳокимаи Амир Мирзо Ҳикматӣ, ки ба ҷосусӣ ба нафъи Амрико муттаҳам мешавад, дар додгоҳи шаҳри Теҳрон оғоз ёфтааст. Амир Ҳикматиро ҳафтае пеш боздошт карданд. Телевизиони Эрон ин сарбози собиқи нерӯҳои баҳрии Амрикоро нишон дод, ки мегуфт, Хадамоти Истихборотии Амрико ӯро дар Афғонистону Ироқ омӯзиш дода, амр додаанд, ба хадамоти махфии Эрон роҳ ёбад. Аммо падараш Алӣ Ҳикматӣ мегӯяд, писараш ҷосус нест ва барои дидани хешовандонаш ба Эрон рафта буд.
XS
SM
MD
LG