Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Кобул: Бозорҳои марзӣ на ҳамеша "гарм"-анд


Пули марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон
Пули марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон

Қочоқи духтари ноболиғи тоҷик аз сӯи як табааи афғон боиси "сахтгирӣ"-и марзбонҳо ва маъмурони гумрук шудааст.

Дар ҳоле беш аз дувуним ҳазор сокини навоҳии Бадахшон ба мақсади тиҷорат ба бозори марзии ноҳияи Ишокошим омаданд, ки тоҷирони афғон дар он ҷо ҳузур надоштанд.

Муовини додситони гарнизони ҳарбии Хоруғ Хуршед Мустафоқулов марзбонҳо ва маъмурони гумруки вилояти Бадахшони Афғонистонро муттаҳам кард, ки аз вуруди тоҷирони ин кишвар ба бозори марзӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Акрамшо Кӯчакшоев, раиси ноҳияи Ишкошим, мегӯяд, вуруд ба бозори марзӣ аз ҳар ду тараф аз рӯи усули соддакардашуда ҷараён дошт, аммо ҳодисаи кочоқи духтари ноболиғи тоҷик тавассути ин гузаргоҳ зарурати таҳкими назоратро ба миён овардааст. Ба қавли ӯ, "сахтгирӣ"-ҳои ҷониби Тоҷикистон баҳонае барои ҷониби Афғонистон шудааст, то тиҷоратро дар бозори марзӣ муваққатан бойкот кунанд.

Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки қаблан, рӯзи баргузории бозор як духтари ноболиғ аз тариқи гузаргоҳи Ишкошим ба Афғонистон бурда шудааст. Ба гуфтаи онҳо, интиқоли ин шаҳрванди ноболиғи тоҷик бо роҳи фиреб ва ба даст овардани ризоияташ сурат гирифтааст. "Зеро ба рӯяш фаранҷӣ кашида, ӯро гузаронданд ва марзбонони тоҷик вақте хабар ёфтанд, ки бо анҷоми бозор асноди ҳувияти шаҳрванди ноболиғ дар дасти нозири даромадгоҳи бозор мондааст",-таъкид мекунанд манобеъ.

Ба гуфтаи манобеи тафтишотӣ шаҳрванди ноболиғ хоҳарарӯси як табааи миёнсоли афғон мебошад, ки ба сурати паноҳанда дар Тоҷикистон фаъолият мекард ва оиладор будааст. Вале бо ваъда ризоияти хоҳарарӯсашро гирифта, ӯро ҳам ба никоҳи худ даровардааст. Ҳоло шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон мехоҳад, ки ба ватан бозгардад.

Раиси ноҳияи Ишкошим Акрамшо Кӯчакшоев мегӯяд, бозорҳои марзӣ ба мақсади мусоидат ба коҳиши сатҳи камбизоатии сокинони ду тарафи деҳоти марзӣ таъсис ёфта, дар густариши муносибатҳои ҳамгироӣ ва тиҷоратӣ нақши муҳим доранд.

Вай изҳор дошт, ки айни ҳол боз худи ҷониби вулусволии Ишкошими Афғонистон дар мулоқот бо намояндагони мақомоти ноҳия хостори аз сар гирифтани тиҷорат дар бозори марзӣ шуда, бовар дорад, ки пас аз чанде бозори марзӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ӯ афзуд, аммо ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои қочоқи нӯшокиҳои спиртӣ ва убури ғайриқонунӣ тавассути гузаргоҳҳо низоми тафтишотӣ дар гузаргоҳ пурзӯр гардида, аз он бояд на чун баҳонае барои монеъ шудан ва тиҷорат истифода кард.

Айни ҳол дар вилояти Бадахшон чаҳор бозори марзӣ, воқеъ дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим ва маҳалли Теми Хоруғ фаъол аст, ки бозори марзии Ишкошим бузургтарини онҳо дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG