Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Rolkan ба додгоҳ шикоят бурд


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, ширкати ҳавоии Rolkan Investments LTD бар зидди ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурдааст. Ин шикоят ба ҳукми ду халабони ин ширкат тааллуқ дорад. Ғулом Бобоев-вакили мудофеи Сергей Полуянов-раиси ширкати Rolkan Investments LTD мегӯяд, Полуянов як нусхаи шикоятро ба вай фиристодааст ва забонхат додааст, ки вакили мудофеъ ҳақ дорад дар додгоҳ аз манофеи ширкат ва Поулянов дифоъ кунад. Ба гуфтаи Бобоев, ширкати Rolkan Investments LTD ҳукми додгоҳро дар бораи мусодираи ду ҳавопаймои АН-72 ғайри қонунӣ медонад.
XS
SM
MD
LG