Бино ба хабарҳои матбуот дар шаҳраки Морской дар наздикии шаҳри Новосибирск тақрибан соати 2 шаб ду нафар шахси номаълум хонаи чубиеро оташ задаанд, ки дар дохили он сокини 29 солаи Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Ин шаҳрванд Аскарҷон Абдулхайров-сокини шаҳри Панҷакент натавонистааст аз ин хона берун равад ва як ҷо бо хона ба коми оташ рафтааст. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки дар робита бо ин ҳодиса ду нафар боздошт шудаанд. Абдулхайров 7 декабри ҳамин сол дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафта буд ва шаби 21 ба 22 декабр оташ зада шуд. Ҷасади вайро овардаанд ва дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.