Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз маросими дафни Ватслав Ҳавел баргузор мешавад


Имрӯз дар шаҳри Прага маросими дафни раҳбари пешини Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел баргузор мешавад. Маросими видоъ дар калисои Вити муқаддаси кохи Пражский Ҳрад ба мотами серӯза барои Ҳавел хотима мебахшад.

Қарор аст, ки дар маросими дафн раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ, сарвазири Британия Дэвид Камерон, раисиҷумҳури пешини Лаҳистон Лех Валенса, вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва шавҳараш, раҳбари собиқи ИМА Билл Клинтон ширкат кунанд.

Ватслав Ҳавел рӯзи якшанбе дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Ҳавел, пешвои “Инқилоби махмалин”-и соли 1989 буд, ки ба низоми коммунистӣ дар Чехословакияи собиқ хотима дод ва баъдан нахустин президенти Чехословакияи демократӣ ва Ҷумҳурии Чех буд.
XS
SM
MD
LG