Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: "Ҳамсояро дар инзиво қарор надодаем"


Ширкати “Узбекистон темир йуллари” ё роҳи оҳани Узбакистон ба номаи вакилони порлумони Тоҷикистон посух дод.

Намояндагони ширкати саҳомии “Узбекистон темир йуллари” ё роҳи оҳани Узбакистон дар посух ба паёми вакилони Маҷлиси Намояндагон гуфтаанд, ки Узбакистон Тоҷикистонро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор надодааст.

Ҳафтаи пеш вакилони порлумони Тоҷикистон дар паёме изҳор доштанд, ки дар қаламрави Узбакистон бештар аз 320 вагони ҳомили бору колои Тоҷикистон ҷамъ шудааст. Онҳо аз намояндагони порлумони Узбакистон хостанд, ки дар ҳалли ин масъала кӯмак кунанд.

Намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон низ изҳор дошта буд, ки 23 вагони ин созмон дар қаламрави Узбакистон банд мондааст.

Аммо “Узбекистон темир йуллари” гуфтааст, ҳатто дар бораи боздошти вагонҳо наметавонад сӯҳбат дар миён бошад. Ҳар шабонарӯз ба қаламрави Узбакистон 200 вагони Тоҷикистон ворид ва онҳо аз роҳи оҳани Бекобод ва Қудуқлӣ ба Тоҷикистон супурда мешаванд.

Баръакс, намояндаи “Узбекистон темир йуллари” гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша дар қабули вагонҳо таъхир мекунад.

Ҳаракати қаторҳо дар роҳи оҳани Тирмиз- Қӯрғонтеппа аз 16-уми ноябр қатъ шудааст. Мақомоти "Ӯзбекистон темир йуллари" - ширкати роҳҳои оҳани Узбакистон он замон эълон дошта буд, ки як пул дар қитъаи "Ғалаба -Амузанг" бар асари "амали террористӣ" тахриб шудааст.

Дар ин муддат ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳамтоёни узбаки худ пешниҳод кардаанд, ки барои ҳалли мушкил як кумиссиюни вижа ташкил шавад ва ҳам ин ҷониб омода аст, тармими пулро ба зимма гирад. Ба қавли онҳо, ин кори ҳатто як ҳафта нест. Ҷониби Узбакистон дар посух ба Тоҷикистон истифодаи роҳи Қудуқлиро, ки ба истгоҳи роҳи оҳани Душанбе мебарад, пешниҳод карда, аз посух ба ибтикорҳои дигари Тоҷикистон худдорӣ кард.

Тахриби роҳи оҳани 218-километраи Тирмиз-Қӯрғонтеппа бори аввал нест. Соли гузашта ин роҳ ба далели “шуста шудани як қисматаш ба иллати ҳамлаи сел“ баста шуда буд ва "Узбекистон темир йуллари" дар номае ба Роҳи оҳани Тоҷикистон баён дошт, ки ин роҳ аз лиҳози иқтисодӣ судовар нест ва беҳтар ин аст, ки баста шавад. Ҷониби Тоҷикистон дар посух гуфт, ки омода аст махориҷи фаъолияти ин роҳро ба зиммаи худ бигирад.
XS
SM
MD
LG