Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси КазМунайГаз аз мақом барканор шуд


Хабаргузориҳои Русия ва Қазоқистон иттилоъ додаанд, ки Болат Акчулаков-раиси ширкати нафту гази КазМунайГаз аз мақом барканор шудааст. Вай моҳи октябр ин мақомро ишғол карда буд. Ба ҷои вай Лаззат Киинов раис таин шудааст. Бино ба гузоришҳо, Каримбек Кушербоев-раиси вилояти Мангистав низ аз мақом барканор шудааст. Ин тасмимҳо дар ҳоле эълон шудааст, ки қарор аст Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз ин минтақа боздид кунад. Дар нооромиҳои рӯзи якшанбе дар Жаноазен 15 кас кушта, тақрибан 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG