Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ду нафар дар сӯхторе ҷон доданд


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки шоми гузашта дар шаҳри Душанбе дар паси чойхонаи “Роҳат” дар яке аз биноҳои маъмурӣ сӯхтор сар задааст. Дар ин сӯхтор ду нафар ҷон додаанд. Яке аз онҳо посбони бино будааст, вале ҳуввияти дигарӣ номаълум боқӣ мондааст. Коршиносон гуфтаанд, сабаби сӯхтор нуқси бухории барқии худсохт будааст. Аз оғози сол то ҳол дар Тоҷикистон дар сӯхторҳо 24 нафар ба ҳалокат расидаанд. 9 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
XS
SM
MD
LG