Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Покистон робитааш бо Кобулро мустаҳкам кунад"


Руасои ҷумҳури Покистон ва Афғонистон ( акс аз бойгонӣ)
Руасои ҷумҳури Покистон ва Афғонистон ( акс аз бойгонӣ)

Ҳомид Карзай аз Покистон хостааст, то робитааш бо Афғонистонро аз сар гирад ва бо Кобул робитаи наздик дошта бошад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе гуфтааст, Покистон бидуни таваҷҷуҳ ба робитаи кишвараш ба Ҳинд ё ИМА, бояд муносибаташ бо Афғонистонро наздик ва мустаҳкам нигаҳ дорад.

Карзай дар гуфтугӯе бо намояндагони шабакҳои телевизионӣ дар Кобул афзудааст, Покистон бояд монанди ҳамсояҳои дигари Афғонистон, бо Кобул равобитаашро бо ҳифз кунад.

Ба гуфтаи ҷаноби Карзай, дӯстии Афғонистон бо Ҳинд ва Амрико набояд ба робитаи миёни Афғонистон ва Покистон таъсир бигузорад. Раиси ҷумҳури Афғонистон умедворӣ кардааст, ки Покистон бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва аслӣ ҳамсоягӣ, робитаи худ бо Афғонистонро ҳифз кунад.

Кобул ва Вошингтон бар Исломобод фишор ворид мекунанд то бар зидди тундравоне, ки аз манотиқи қабиланишини Покистон дар Афғонистон ҳамлаҳоро созмондеҳӣ мекунанд, иқдоми ҷиддӣ намояд. ИМА ва Афғонистон ҳамчунон аз Покистон мехоҳанд то дар раванди музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибоне, ки ба музокира алоқаманд ҳастанд, кӯмак намояд.

Равобити Афғонистон ва Покистон дар ин авохир ба ҳадде сард шудааст, ки Афғонистон паймони ҳамкориҳои стратегӣ бо Ҳиндустон, рақиби Покистонро имзо кард. Мақомоти Покистон аз имзои ин паймон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Аз сӯи дигар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини НАТО дар манотиқи қабиланишини Покистон, ки мунҷар ба кушта шудани 24 сарбози покистонӣ шуд, ба равобити Покистон бо ИМА, НАТО ва Афғонитсон таъсири манфӣ гузоштааст.
Покистон дар эътироз ба ин рӯйдод на танҳо роҳи маводи икмолотии нерӯҳои НАТО-ро баст, балки дар конфронси байналмилалии Бонн оид ба Афғонистон низ ширкат накард.
XS
SM
MD
LG