Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи аҷсоди қурбониёни фалокат дар Сахалин


Мақомоти Русия мегӯянд, ҷасади 16 нафар аз қурбониёни фалокати манора ва ё платфорамаи нафткашеро пайдо карданд, ки дар наздикии ҷазираи Сахалин ғарқ шуд. Вениамин Иванчёв, намояндаи маркази наҷотбахшӣ дар Владивосток гуфт, тӯфон нагузоштааст, маллоҳон бо қаиқҳо худро наҷот диҳанд: “Соати 5:45 ба вақти Маскав, манораи нафткаш чаппа ва соати 6:49 ғарқ шуд. Қаиқҳои наҷотро об бурд ва дар атрофи манора ҳанӯз ҳам либосҳои холии наҷот шино мекунанд. Яъне ба сарнишинон муяссар нашудааст, қаиқҳои наҷотро ба об сард диҳанд." Манораи нафткаши Колская рӯзи якшанбе бо 67 нафар кормандонаш зимни кашида бурдан ба ҷазираи Сахалин дар Баҳри Охотск ба чанги тӯфон афтод ва ғарқ шуд. Танҳо 14 нафар билофосила баъди ҳодиса наҷот дода шуданд. Ба гуфтаи муфаттишон шояд, риоят накардани меъёрҳои бехатарӣ сабаби фалокат шуда бошад. Ширкати мутасаддии манора гуфтааст, ки ба хонаводаҳои қурбониён 3 миллион рублӣ ҷуброн хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG