Пайвандҳои дастрасӣ

Ифшогари номаҳои дипломатӣ ба додгоҳ ҳозир мешавад


Брэдлӣ Меннинг
Як сарбози амрикоӣ, ки ба барои ифшои номаҳои дипломатии Амрико гумонбар дониста мешавад, бори аввал дар додгоҳ барои посух ба суолҳо ҳозир мешавад. Ин сарбоз бо номи Брэдлӣ Меннинг 23 сол дорад. Дар зимн тасмим гирифта мешавад, ки мурофиаи Меннинг дар додгоҳи низомӣ анҷом мегирад ё дар ҷои дигар. Ба вай ҳукми абади зиндон таҳдид мекунад. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки Меннинг садҳо ҳазор номаҳои муҳими дипломатиро ҳангоми кораш дар Ироқ аз компютер дастрас кардааст ва онро дар ихтиёри WikiLeaks гузоштааст. Ин номаҳо интихобан дар сомонаи WikiLeaks ба нашр расидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG