Як гурӯҳи мазҳабии тарафдори Толибон дар Покистон мегӯяд, бо миёнҷигарӣ дар музокироти давлат бо созмони Таҳрики Толибони Покистон мехоҳад, ихтилофоти назари онҳоро рафъ кунад. Муҳаммад Шоҳ Абдулӣ, раҳбари гурӯҳи Таҳрики Нифози Ислом, ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо се пешшарти Толибон барои музокиротро ба давлати Покистон расонидаанд, ки ин аст, хатми таъқиби Толибон, иҷозаи ҳаракати озоди онҳо дар Покистон ва пазируфтани қонуни шариъат дар кишвар. Аммо як сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон вуҷуди ҳаргуна музокирот бо давлати ин кишварро рад кард. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон низ қаблан гуфта буд, ба шарте бо Толибон музокирот хоҳанд кард, ки ба хунрезиву терроризм хотима дода ва аз ифротгароӣ даст кашанд. Таҳрики Нифози Исломӣ, ки дар манотиқи қабоилиншини Покистон фаъолият мекунад, аз гурӯҳҳои ҳамақида бо Толибон аст.