Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Украина шурӯъ шуд


Муҷассама ба ёди қурбониёни Ҳолодомор дар Киев
Муҷассама ба ёди қурбониёни Ҳолодомор дар Киев
Имрӯз сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Украина шурӯъ шуд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ, қабл аз ҳама, сарвари Тоҷикистон дар Киев дар назди муҷассамаҳои Сарбози номаълум ва қурбониёни “Ҳолодомор”, гуруснагии бесобиқа дар ин кишвар дар солҳои 30-уми қарни гузашта, гулчанбар гузошт.

Имрӯз раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон масоили марбут ба ҳамгироии сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, низомиву техникӣ ва фарҳангӣ миёни Украина ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ба навиштаи сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина дар соли 2010 ба 200 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2009 65 дар сад бештар аст ва ин раванд имсол низ идома дорад. Ҳамкорӣ дар бахши энерҷӣ, қабл аз ҳама, дар бахши гидроэнергетика, аз самтҳои аслии ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид, зеро 90 дар сади дастгоҳу таҷҳизоти нерўгоҳҳои барқӣ-обии Тоҷикистон дар Украина тавлид шудаанд.
XS
SM
MD
LG