Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз матраҳ нест


Эрон имрӯз гуфт, бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз матраҳ нест. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст аммо такроран гуфт, агар танишҳои афзояндаи феълӣ ба ҷанг мунҷар шавад, ин гулӯгоҳ таҳти таҳдид қарор хоҳад гирифт. Ӯ Амрикову Исроилро ба таҳдид алайҳи Эрон ва эҷоди фазои ҷанг айбдор кард. Дирӯз як вакили маҷлиси Эрон гуфт, ки Эрон метавонад мавзӯъи бастани гулӯгоҳи Ҳурмузро баррасӣ кунад. Дар пайи ин изҳорот нархи нафт боло рафт. Сеяки содироти нафти дунё тавассути Ҳурмуз сурат мегирад. Амрико ба хотири боз нигоҳ доштани ин гулӯгоҳи муҳим як нирӯи бузурги баҳриашро дар халиҷи Форс мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG