Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе истирдоди ду қирғизро таъйид кард


Мақомоти тоҷик истирдоди ду шаҳрванди қирғизи муттаҳам дар қатли раҳбари собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиевро таъйид карданд.

Нусратуллоҳ Саидов, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, Қодирбек Досонов, мулаққаб ба «Ҷенго» ва Сиддиқ Борбуевро дирӯз ба Бишкек фиристодаанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:18 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, матбуоти Қирғизистон қаблан дар бораи ба дасти мақомоти Бишкек расидани 3 муттаҳам хабар дод. Нафари севвумро ин расонаҳо Чингиз Ҷумъагулов, мулаққаб ба «Верзила» ном мебаранд. Ин сегона, ки ба бовари мақомоти қирғиз, дар қатли Мадад Содирқулов дар моҳи марти соли 2009 даст дорад, ҳанӯз рӯзи 14 сентябр дар Душанбе бо дархости Қирғизистон боздошт шуд.

Чанд моҳи пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки истирдоди ин се нафар ба Қирғизистон дар ҳоле мумкин хоҳад буд, ки агар мақомоти амниятии кишвари ҳамсоя Низомӣ Абиев, шаҳрванди Русияро, ки дар 23 августи соли гузашта аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллиии Тоҷикистон фирор карда ва дар Қирғизистон боздошт шудааст, ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Дар мавриди истирдоди шаҳрвандони Қирғизистон суоле матраҳ аст, ки чаро Тоҷикистон ба осонӣ шаҳрвандони дигар кишварро истирдод мекунад, вале ҷинояткорони тоҷикистониро аз дигар кишварҳо кам дар кам бармегардонад. Ин раванд бар чӣ пояе сурат мегирад?

Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қаблан дар ин бора ба Озодӣ гуфта буд “истирдоди ҷинояткорон бар асоси тавофуқ миёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) сурат мегирад. Аз ин иттиҳод берун мо бо кишварҳои дигар қарордодҳои дуҷониба имзо кардаем.”

Бо вуҷуди ин, Абдусаттор Холиқов, муовини раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти прлумон низ таъкид карда буд, ки дар воқеъ Тоҷикистон дар бархе аз маворид ба истирдоди шаҳрвандони худ аз дигар кишварҳо муваффақ намешавад. Вай гуфт, “шаҳрвандони мо, ки ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор ва қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешаванд, ба Тоҷикистон баргардонда намешаванд. Вале афроди ҷиноятҳои сабуксодиркардаро саъй мекунанд, ки баргардонанд.”

Ба гуфтаи бархе дигар аз таҳлилгарон, истирдоди ҷинояткорон бештар ба тавони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳирфаӣ тартиб додани асноди дархост аст, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба чунин кормандони ҳирфаӣ ниёз дорад. Барои мисол, ҳоло масъалаи истирдоди “Қорӣ Восит” ва Низомхон Ҷӯраев аз Русия ба Тоҷикистон матраҳ аст. Амсоли он, ки аз чанд сол бад-ин сӯ Тоҷикистон талаби истирдоди Маҳмуд Худойбердиев аз Узбакистонро дорад ва то ба ҳол натавонистааст, маҳбуси фирорӣ - Низомӣ Абиев аз Қирғизистонро ба Тоҷикистон баргардонад.

Дар тайи чанд соли ахир аз чеҳраҳои ошно, ки гӯиё ҷинояти сангин содир кардаанд, аз Русия ба Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилӣ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ ва Зубайдулло Шоевро баргардондааст, ки ҳоло дуи аввал дар зиндон ба сар мебаранд..
XS
SM
MD
LG