Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ашқобод баъди навсозӣ Аркаи Бетарафӣ ифтитоҳ шуд


Аркаи Бетарафӣ дар Ашқобод
Аркаи Бетарафӣ дар Ашқобод
Дар шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон, Аркаи Бетарафӣ бо пайкараи тиллоии нахустин сарвари кишвар Сафармурод Ниёзов ифтитоҳ шуд. Ин маросим ба Рӯзи бетарафй бахшида шудааст, ки аз соли 1995 ба ин сӯ дар кишвар таҷлил мешавад.

Аркаи Бетарафӣ ҳанӯз замони сари қудрат будани Ниёзов, дар канори қохи раёсатҷумҳурӣ бунёд шуда буд ва аммо баъдан ба макони дигар, ба хиёбони Бетарафӣ, интиқол дода шуда буд.

Баъди навсозӣ баландии арка то 95 метр, баробар ба соли эълони бетарафии Туркманистон, расидааст.
XS
SM
MD
LG