Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сиёсатмадори мухолифи белорус дар Варшава


Дар шаҳри Варшава яке аз фаъолони мухолифини Белорус Алес Михалевич боздошт шуд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, Михалевич мехост ба Лондон парвоз кунад ва аммо дар фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Фредерик Шопен ба ӯ гуфтанд, ки мавриди ҷустуҷӯи полис қарор дорад ва бояд ӯро ба додситонӣ интиқол диҳанд.

Алес Михалевич яке аз даҳ довталаби мақоми раисиҷумҳури Белорус дар интихоботи соли 2010 буд. Сиёсатмадори мухолифи ҳукумат боздошт шуда дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифт.

Михалевич баъди раҳоӣ тавонист, ки Белорусро тарк кунад ва дар ҷумҳурии Чех ба ӯ мақоми паноҳандагӣ доданд. Мақомоти Лаҳистон то ҳол сабабҳои боздошти сиёсатмадори мухолифро ташреҳ накардаанд.
XS
SM
MD
LG