Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватанов: "Ҳанӯз ангезаи куштори Бахтиёр Расулов рӯшан нест"


Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон.
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон.

Гуфтугӯ бо Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Шумо бештар аз як ҳафта дар Санкт-Петербург дар пайи омӯзиши парвандаи куштори Бахтиёр Расулов, як муҳоҷири тоҷик, будед. Метавонед бигӯед бо чӣ натиҷа баргаштед?

Маҳмадалӣ Ватанов: "Бо муфаттише, ки ин парвандаро таҳқиқ дорад, мулоқот кардам. Онҳо ҷузъитарин масъалаи марбут ба ин парвандаро пинҳон намедоштанд. Дар ҳақиқат ҷинояти куштор сар задааст, вале пас аз он, ба хотири пинҳон мондани нишони куштор, ӯро дар мошин бор мекунанд ва берун аз Санкт-Петербург дар ноҳияи Гатчина, ҷангали назди деҳаи "Новая" оташ мезананд. Ба ҳадде, ки тамоми аъзои бадани Бахтиёр Расулов сӯхтааст, ҳатто имкон дорад, ки сараш ҳам дар ҳамин ҷо сӯхта бошад. Ҳоло таҳқиқи ин парванда идома дорад ва аксари муфаттишон ба ин фикранд, ки ангезаи куштори Бахтиёр Расулов ихтилофи хонаводагӣ аст, ки дар натиҷаи хусумат бар сари фарзандҳои вай аз тарафи бародари занаш кушта шуда бошад. Вале ин ҳам ҳанӯз як фарзия аст. Ба таври мушаххас ҳанӯз ангезаи куштори Бахтиёр Расулов рӯшан нест."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:09 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: То ин вақт даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кушта шудаанд, вале вокуниши порлумон маҳз дар мавриди ҳамин ҳодиса баландтар шуду намояндаи худро ба Санкт-Петербург фиристод, чаро?

Маҳмадалӣ Ватанов: "Бале, ин нахустин сафари як вакили порлумони Тоҷикистон дар масъалаи парвандаи ҷиноӣ, дақиқтараш дар мавриди парвандаи мушаххаси шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия буд. Ин ҳодиса дар рӯзҳое рух дода буд, ки дар Тоҷикистон қазияи халабонҳо бисёр пуршиддат буд ва дар расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки Бахтиёр Расулов қурбони ҳамин баҳси халабонҳо, ки тоҷикбадбиниро дар Русия ба вуҷуд оварда буд, шудааст. Аммо вақте бо муфаттишон доир ба ҷараёни таҳқиқи ҳодиса ҳамсӯҳбат мешудам, аз бархӯрди онҳо ба масъала, ки хеле ошкоро ва кушод сӯҳбат мекарданд, далелҳоро рӯшану возеҳ пеш меоварданд ва ҳеҷ кадом ғаразе дар муносибати онҳо намедидам ва намешавад гуфт, ки куштори Бахтиёр Расулов бар асоси тоҷикбадбинӣ рух додааст."

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, куштори Бахтиёр Расулов дар ҳоле рух дод, ки қазияи халабонҳо "доғ" шуда буд...

Маҳмадалӣ Ватанов: "Воқеан, вақти содир шудани ин ҷиноят шаби 16 ноябр, яъне то замони раҳо шудани халабонҳо буд. Шояд ҷинояткор мехост, ки дар пасманзари ҷанҷоли қазияи халабонҳо даст ба куштор зада ва худро аз ҷиноят дур гирифта бошад. Вале дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо муфаттишон гумон мекунам, ки ин назар чандон пояи мустаҳкам надорад."

Радиои Озодӣ: Пас, чаро бештар аз шаҳрвандони кишварҳои дигар, тоҷикҳо "депортатсия" ва ё таъқиб мешаванд?

Маҳмадалӣ Ватанов: "Сабаби аслии ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо вобаста ба он аст, ки ҳуҷҷатҳояшон нодуруст аст. Дигар ин ки мувофиқи қонунҳои Русия, ҳар шаҳрванди хориҷӣ пас аз се моҳ бояд як маротиба аз марзи ин кишвар берун шавад ва боз ворид гардад. Шаҳрвандони мо барои ин ки дубора ба Тоҷикистон баргарданду боз ба Русия оянд, маблағи зиёд харҷ мешавад аз ин рӯ бо ҳар роҳи ғайриқонунӣ ё дар Русия мемонанд ё ин ки ба қаламрави Украина ва Белорусия мераванду боз бармегарданд. Танҳо ҳамин мушкил аст, ки аз тарафи хадамоти муҳоҷират таъқиб мешаванд ва дар ниҳоят ихроҷ карда мешаванд. Дар боздоштгоҳи Санкт-Петербург ҳоло 28 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад, ки бояд депортатсия шаванд ва дар ҳақиқат аснодашон нодуруст аст. Мо ҳоло талош хоҳем кард, ки дар гуфтугӯ бо масъулони ҷониби Русия ҳамин мӯҳлати семоҳаро ба 6 моҳ расонем. Вале ҳалли ин масъала вақт мехоҳад."

Радиои Озодӣ: Дар рӯзҳое, ки Шумо дар Санкт-Петербург будед, Ромадановкий, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки муҳоҷирини боодоби мо аслан шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд...

Маҳмадалӣ Ватанов: "Бубинед, дар ҳамин боздоштгоҳи муввақатие, ки аз он ҷо дидан кардам, масъулони он гуфтанд, ки 93 нафар танҳо шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд, ки бо асноди ғайриқонунӣ боздошт шудаанд ва имкон дорад, ки депортатсия шаванд. Дар онҷо арабҳо буданд. Сиёҳпӯстҳо низ буданд."

Радиои Озодӣ: Яъне таъқибу боздошт аслан аз рӯи рангу пӯст сурат мегирад дар он ҷо?

Маҳмадалӣ Ватанов: "Намедонам."

Радиои Озодӣ: Аз ҳодисаи раҳоии халабонҳои Русия ва таъқиби рӯирости шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тақрибан як моҳ мегузарад, оё ҳоло ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳамон бадбинӣ таъқиб мешаванд, ҳанӯз ҳам ин бадбинӣ идома дорад?

Маҳмадалӣ Ватанов: "Фикр мекунам, ҳоло он авзоъ дигар гузаштааст. Шумо хуб медонед, ки вақте як компания сар шавад, хеле идома мекунад. Ман дар рӯзҳое, ки дар Санкт-Петербург будам, ҳар рӯз нашрияҳои он ҷоро мехондам, шабакаҳои телевизиониро тамошо мекардам ва мулоқоте, ки бо муовини Додситонии шаҳри Санкт-Петербург ва ҳар нафари дигари масъул доштам, рӯҳияи тоҷикбадбинӣ ё махсус тоҷикбадбинро ҳис намекардам ва намедидам. Ҳоло тамоми масоили марбут ба парвандаи Бахтиёр Расуловро ба порлумони Тоҷикистон гузориш медиҳам ва умедворам, ки ин парванда бомуваффақият анҷом хоҳад ёфт."
XS
SM
MD
LG