Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эшони Нуриддин: "Мо шиагаро нестем, шиаҳоро бародар медонем"


Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин
Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин
Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба эшони Нуриддин, ба баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо баёнияе посух дода ва аз ҳаводорону бародаронаш хостааст, ки ба дасиса дода нашаванд. Вай гуфтааст, баёнияи Шӯрои уламо, ки хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро ба шиагароӣ муттаҳам карда буд, асос надорад. Ин баёния баъд аз баргузории рӯзи Ошӯро нашр шуда буд. Эшони Нуриддин гуфтааст, “пайравони мазҳаби шиа, аз ҷумла бародарони эрониро бародарони исломии худ медонем ва ба аҳкоми мазҳабии онҳо коре надорем ва ин ҳама ба хотири ваҳдати суфуфи муслимин аст.” Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ карда, “мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.” Ахиран Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз хонаводаи рӯҳониёни шинохта Тӯраҷонзодаҳо барои ёдоварӣ аз рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн - набераи паёмбари ислом интиқод карда ва онҳоро ба тафриқаандозиву эҷоди фитна ва тағйири мазҳаб муттаҳам намуда буд.
XS
SM
MD
LG