Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди нав -- рӯзи президент


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон

Аз ин ба баъд сокинони Қазоқистон ҳар сол рӯзи якуми декабрро ба унвони “рӯзи нахустин президент”-и кишвари худ таҷлил хоҳанд кард.

Ахиран порлумони Қазоқистон қонуни наверо тасвиб кард, ки бар асоси он рӯзи нахустин президенти ин кишвар якуми декабр муқаррар шудааст. Дуруст рӯзе, ки 20 сол қабл аз ин, Нурсултон Назарбоев ба курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар нишаст ва то кунун онро соҳибӣ мекунад.

Бархе аз вакилони Маҷлиси Қазоқистон пешрафти ин кишварро ба фаъолияти Нурсултон Назарбоев вобаста дониста ва гуфтанд, ки танҳо бо муайян кардани рӯзи президент қарзи худро дар назди ӯ адо мекунанд.

Анатолий Башмаков, вакили Маҷлиси Қазоқистон гуфтааст, ҳама пешрафт ва нерӯмандии Қазоқистон ба нахустин раисиҷумҳури ин кишвар ва раҳбари миллат -- Нурсултон Назарбоев мутааллиқ аст.

Дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, ки якуми декабри соли 1991 баргузор шуд, Нурсултон Назарбоев барои панҷ сол раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардид. Пас аз 15 рӯзи ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя задани оқои Назарбоев, Қазоқистон дар қатори дигар давлатҳои Шӯравии собиқ кишвари мустақил эълон гардид.

Торнамои расмии раисиҷумҳури Қазоқистон менависад, ки он вақт барои ҳимоят аз Нурсултон Назарбоев 98,7 дарсад афроди қобили раъй овоз додаанд. Аз он замон то кунун Нурсултон Назарбоев раисиҷумҳури Қазоқистон боқӣ мондааст.

Рӯзи шанбе (10 декабр) Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба рӯзноманигорон гуфт, аз аз дарёфти унвони “Қаҳрамони миллӣ” даст мекашад, вале ба пешниҳоде дар бораи таҷлили “Рӯзи нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон” мухолиф нест.

Дар охири моҳи ноябр ҳукумати Қазоқистон пешниҳодеро дар бораи додани унвони “Қаҳрамони миллии Қазоқистон” ба тасвиб расонд ва ин унвон бояд 16 декабр дар рӯзи таҷлил аз 20-солагии Қазоқистон ба вай дода шавад. Вале Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки аз имзо дар ин санад худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG