Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаққи муаллиф"-ро кӣ нақз мекунад?


Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷик
Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷик

Луқмон Бойматов, муаррих ва файласуфи тоҷик даъво дорад, ки дар чанд маврид ҳуқуқи ӯ ҳамчун муаллиф нақз шудааст.

Ӯ мегӯяд, маҳсули чандинсолаи пажӯҳишу таҳқиқоташ дар кишварҳои Аврупо ва Эрон роҷеъ ба таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул ва корномаи қаҳрамонони таърихӣ ба монанди Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Абӯмуслим ва дигаронро раёсати Энсиклопедияи миллии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз номи дигарон ба нашр расонда ва аз додани ҳаққи қалами ӯ низ худдорӣ варзидааст.

Ҷаноби Бойматов мегӯяд, "дар Олмон, Амрико ва Эрон кор кардаву ба пажӯҳиш машғул шудам. Дар шаҳри Машҳади Эрон тайи беш аз 10 сол устоди донишгоҳ будам. Бо баъзе сабабҳое, ки ба ҳисси миллии ман латма заданд, дигар онҷо будан натавониста ба ватанам баргаштам ва хостам маҳсули корхои илмиамро барои мардуми худам сарф кунам. Лекин дар ин ҷо ҳам диламро шикастанд. Беш аз 150 мақолаи илмиву таърихии маро дар энсиклопедия чоп карданд, номи ман дар ягон феҳристе ё гуруҳе, ки барои ин китоб кор кардаанд, нест."

Ин таърихнигори тоҷик гуфт, мехоҳад ба додгоҳ шикоят барад, вале бо маслиҳати ҳуқушиносон, ӯ аввал мехоҳад ба мақомоти масъул ва вобастаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф муроҷиат намояд. Ин аст, ки аввали моҳи декабр ӯ бо як номаи шикоятӣ ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Вале мегӯяд, ҳанӯз аз ин ниҳод посух дарёфт нанамудааст.

ШИКОЯТИ БОЙМАТОВ ДАР БАРРАСИИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ

Аммо Абдуғаффор Абдуҷабборов, сардори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг дар ин замина гуфт, "номаи Луқмон Бойматов, ки аз 2-юми декабр ба вазорат ворид шудааст, дар ҳоли баррасӣ мебошад. Мо як кумиссиюн иборат аз намояндаҳои вазорат ва сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифи вазорат созмон додаем ва шикояти он касро меомӯзанд ва дар раёсати энсиклопедия низ инро рафта тафтиш мекунанд ва ҳамин рӯзҳо ҷавобашро ба он кас мерасонанд."

Ҷониби дигар, яъне масъулони Энсиклопедияи миллии тоҷик, даъвоҳои Луқмон Бойматовро беасос медонанд ва мегӯянд, аз ҷониби онҳо нисбати ӯ ягон гуна нақзи ҳуқуқи муаллиф сурат нагирифтааст.

МАСЪУЛИН РАД МЕКУНАНД...

Алиҷон Қурбонов, сармуҳаррири Энсиклопедияи миллии тоҷик дар робита ба ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте Бойматов чанде корҳои илмии худро ба мо дода буд, ки худаш дар ҳаминҷо кор мекард, маош мегирифт. Дигар ин ки мо дар китоби "Спитамен" ягон мақолаи ӯро истифода накардаем. Чунки навиштаи он кас барои кӯдакони мо нофаҳмо буд. Барои ҳамин мо ба олимони худамон Раҳматзода ва Мунаввара Шарифзода фармудем, то ин китобро нависанд ва чоп кунанд."

Бо ин ҳол, Луқмон Бойматов таъкид мекунад, ки дар ин китоб маҳз навиштаҳои ӯ иқтибос оварда шудааст. Ӯ мегӯяд, "вақте ман эътироз кардам, гуфтанд, ки Ҷаноби Олӣ Спитамен мегӯяду ту Спитамон. Ман гуфтам, охир дар маъхазҳои илмӣ чунин аст ва ман як кори бузурги илмӣ анҷом дода инро исбот кардам, вале ҳарфи маро гӯш накарданд."

МАВОРИДИ НАҚЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ АФЗУДААСТ

Луқмон Бойматов, муллифи ҳуқуқаш нақзшуда, дар ҳоле аз ниҳодҳои зидахл дар мавриди ба таври дағалона поймол шудани ҳуқуқҳои худ додхоҳӣ мекунад, ки ҳанӯз соли 1998 дар Тоҷикистон "Қонун дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" ба тасвиб расидаву дафъатан ба ин қонун чанде таъғйиру иловаҳо ворид шуданд, то роҳи онро дар самти одилона ва мунсифона ҳифз кардани ҳуқуқи муаллифон ҳамвортар созанд.

Ахиран дар Вазорати фарҳанги кишвар зимни як ҷаласа наҳваи амалкарди ин қонун ва боз ҳам такмил додани он баҳсу баррасиҳо сурат гирифта буд. Ҳамчунин дар ҳошияи амалкарди ин қонун, дар Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, шӯъбаи махсус оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон созмон ёфтааст.
XS
SM
MD
LG