Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офтоби сарди зимистони Тоҷикистон


Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз осмони шаҳри Душанбе соф хоҳад буд ва ҳаво то 7 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳавои беғубор дар назар аст, то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа назар ба дигар манотиқи Тоҷикистон гармтар мешавад ва ҳарорати ҳаво то 12 дараҷа болои сифр қарор мегирад.Дар шаҳри Хоруғ низ баъд аз барфу боронҳои рӯзҳои пеш ҳаво соф ва то 1 дараҷа гарм ва шом то 4 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор ва аммо сард боқӣ хоҳад монд. Дар баъзе навоҳӣ то 4-5 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG